Главная / Биология / МОҲИГИРЙ, МОҲИПАРВАРӢ ВА МУҲОФИЗАТИ МОҲИЁН

МОҲИГИРЙ, МОҲИПАРВАРӢ ВА МУҲОФИЗАТИ МОҲИЁН

Одамон аз замонҳои қадим моҳигирӣ карда, гӯшту тухмаки онро мехӯрданд. Ҳоло равгану устухон ва пӯсти моҳӣ хам истифода бурда мешавад (аз ҷумла дар Тоҷикистон.

Қисми зиёди моҳии шикоршуда истеъмол мешавад, танҳо қисми камаш барои тайёр кардани орди Моҳӣ (хӯроки илова барои чорво, парранда, ҳавзхои моҳипарварӣ) ва хамчун нурӣ истифода бурда мешавад. Қимати асосии моҳй дар он аст, ки ҳа.мчун маҳсулоти сергизо — сафеда истеъмол карда мешавад. Равгани моҳй манбаи витамини Д аст, ки онро бештар аз ҷигари треска мегиранд.

mohiho

Моҳиҳое, ки ба миқдори зиёд сайд мешаванд, моҳиёни шикорӣ номида мешаванд. Моҳиҳои асосии шикорӣ ширмоҳӣ, треска, окуни баҳрӣ, вобла, зағорамоҳӣ, килка, белуга, осетра, севрюга, стерляд, лососи шимолӣ, кӯзапуштак ва ғайраҳо мебошанд.

Барои аз баҳру уқёнусхо шикор кардани Моҳӣ киштиҳои махсус, самолёту вертолётҳо ва эхолокаторҳо истифода бурда мешаванд, ки ба ҳар гуна олоти шикорӣ ҷиҳозонида шудаанд. Барои сайди моҳиёни қаъри об тӯри калони зериобӣ ё тралро ба кор мебаранд. Моҳиёни дар қабати болои об бударо бо тӯри паҳни халтамонанд шикор мекунанд.

Барои самаранок сайд кардани моҳиён, пеш аз ҳама, хусусиятҳои биологии онҳоро нағз донистан лозим аст. Масалан, дуруст интихоб кардани ҷойи шикор, вақт ва мӯҳдати шикор, намуди маълуми моҳии шикоршаванда, заҳрдор будан ё набудани онҳо, миқдори шикор, бо кадом мақсад лозим будани он ва ғайраҳо роҳҳои самараноки шикори моҳӣ мебошанд. Сол аз сол афзудани шикори моҳӣ метавонад захиран табиии вайро кам кунад. Барои ҳамин ҳам олимон роҳҳои дурусти парвариш ва зиёд кардани захираи моҳиро пешкаш мекунамд. Барои шикори моҳӣ қоидаю конунҳои махсуси ҳукуматӣ ҷорӣ карда шудааст. Масалан, манъ кардани истифодабарии тӯрҳои сӯрохиашон майда, маҳдуд кардани ҷой ва Вақти сайд имконият медиҳанд, ки моҳиёни ҷавон сайд карда нашаванд. Манъ кардани шикори баъзе намуди моҳиён, мубориза бар зидди шикори худсарона, ташкил кардани обанборҳои сунъӣ, заводҳои моҳипарварӣ, ба шароит мутобиқкунонии мохҳӣ додани ғизои иловагӣ ба моҳичаҳо, мубориза бо зараррасонҳои моҳӣ омилҳои асосии парваришу зиёд кардани моҳӣ мебошанд.

Дар Россия аввалин заводи моҳипарварӣ аз тарафи В.П. Врасский 100 сол пеш таъсис ёфта буд. Олими намоён, профессор H.JL Гербильский усули тез ба воя расидани тухми моҳиро бо роҳи инкубатсионӣ кашф кард.

Дар Россия аввалин қароре, ки ба моҳигирӣ дахл дошт, ҳанӯз дар замони Петри I баромада буд. Вале назорат аз болои шикори Моҳӣ ва қабул кардани қонунҳо оид ба муҳофизати моҳӣ дар замони шӯравӣ ривоҷ ефта буданд. Масалан, бо моддаҳои тарканда беҳуш кардани моҳиён, ба об cap додани ҳар гуна партовҳои фабрикаву заводҳо дар Тоҷикистон ҳам манъ карда шудааст.

Дар моддаи 67 Конститутсияи нави Тоҷикистон гуфта шудааст, ки «муҳофизати табиат вазифаи тамоми халқ мебошад». Аз ҷумла Моҳӣ захираи бойи табиии обӣ буда, дар давраи шӯравӣ 20%-и гӯшти истеъмолии аҳолиро ташкил мекард, Бо ин мақсад дар Тоҷикистон, ки дорои захираи калони об мебошад, барои тараққӣ додани хоҷагии моҳипарварӣ имкониятҳои калон мавҷуданд, зеро дар кишвари мо зиёда аз 200 дарёю дарёча ва садҳо кӯл ҳаст.

Дар ҳавзҳои калони махсусгардонида шудаи ноҳияҳои Хоҷамастон, Ваҳдат, Ҷилликӯл, Колхозобод, дар обанборҳои Қайроққум, Норак хоҷагихои махсуси моҳипарварию моҳидорӣ ташкил карда шуда буданд, ки ҳоло бесару сомонанд. Дар ояндаи наздик обанбори калони Норак ва Роғун базаи асосии моҳипарварию моҳидории Тоҷикистон хоҳанд шуд.

Моҳиён ба ғайр аз аҳамияти хоҷагӣ доштанашон боз аҳамият зебоӣ ҳам доранд. Бо ин мақсад чанд аср муқаддам дар Осиё] Ҷанубу Шарқӣ моҳиёни ороишӣ: зарринмоҳӣ, шамшердум телескоп, кометаро парвариш мекарданд.

Савол ва супоришҳо:

*1. Дар бораи моҳигирӣ ва қоидаҳои он маълумот диҳед.

  1. Дар бораи моҳипарварй ва ҳавзҳои парвариши моҳӣ дар Тоҷикистон нақл кунед.
  2. Оид ба қарору қонунҳои қукуматӣ дар хусуси муҳофизати моҳиҳо дар Тоҷикистон маълумот диҳед.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …