Главная / Ҷамъият / Додани иҷозат ҷиҳати истифодаи объектҳои об барои партофтани обҳои партов

Додани иҷозат ҷиҳати истифодаи объектҳои об барои партофтани обҳои партов

Моддаи 98-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Додани иҷозат ҷиҳати истифодаи объектҳои об барои партофтани обҳои партов

Истифодаи объектҳои об барои партофтани обҳои партови саноатӣ, коммуналию маишӣ, дренажӣ, боронҳои сел ва дигар обҳои партов танҳо бо иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об бо мувофиқати мақомоти назорати давлатии санитарӣ, ҳифзи захираҳои моҳӣ ва дигар мақомоти манфиатдор анҷом дода мешавад. Иҷозат дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки зарурат ва имконияти истифодаи объектҳои обро барои обҳои партов асоснок мекунанд, дода мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …