Главная / Ҷамъият / Мақоми танзимкунандаи давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ

Мақоми танзимкунандаи давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ

Моддаи 961-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мақоми танзимкунандаи давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ

(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1419)

  1. Мақоми танзимкунандаи давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ дар доираи салоҳияти худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаи 124 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамояд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1419)
  2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақоми танзимкунандаи давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директорони филиалҳои он ҳуқуқ доранд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1419)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …