Главная / Ҷамъият / Тобеияти парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мавриди барҳам додан, аз нав ташкил кардан ё табдили номи мақомоти ваколатдори давлатии баррасикунандаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Тобеияти парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мавриди барҳам додан, аз нав ташкил кардан ё табдили номи мақомоти ваколатдори давлатии баррасикунандаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 92-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Тобеияти парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мавриди барҳам додан, аз нав ташкил кардан ё табдили номи мақомоти ваколатдори давлатии баррасикунандаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

  1. Дар мавриди барҳам додани мақомоти ваколатдори давлатии дар боби 10 Кодекси мазкур пешбинишуда, то ба ҳамин боб ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии тобеи онҳо аз ҷониби судя баррасӣ карда мешаванд.
  2. Дар мавриди табдил додан, аз нав ташкил кардан ва ё тағйир ёфтани тобеияти мақомоти ваколатдори давлатии дар боби 10 Кодекси мазкур пешбинишуда, то ба ҳамин боб ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии тобеи онҳо аз ҷониби мақомоте баррасӣ карда мешаванд, ки вазифаҳои мақомоти ваколатдори давлатии мазкур ба зиммаи онҳо гузошта шудааст.
  3. Дар мавриди тағйир ёфтани номи мақомоти ваколатдори давлатии дар боби 10 Кодекси мазкур пешбинишуда, то ба ҳамин боб ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор шахсони мансабдори ин мақомот иҷрои ваколатҳои худро вобаста ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ давом медиҳанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …