Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ

Моддаи 9-и  Қарори шаҳрсозӣ. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ

  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ ҳуқуқ доранд:

– аз мақоми давлатӣ иттилоот, маълумот ва ҳуҷҷатҳои дахлдорро, ки барои фаъолияти шаҳрсозӣ зарур мебошанд, дархост ва дастрас намоянд;

– дар баррасӣ ва қабули қарорҳои ба фаъолияти шаҳрсозӣ вобаста иштирок намоянд;

– лоиҳаҳои шаҳрсозӣ ва ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмонро таҳия намоянд;

– муаллифи асарҳои меъморӣ бошанд;

– вазифаҳои сармоягузор, фармоишгар ва пудратчиро иҷро кунанд, намояндагони онҳо бошанд, ҳамчун истифодабарандаи объектҳои шаҳрсозӣ баромад намоянд;

– манфиатҳои фармоишгарро намояндагӣ кунанд ва бо супориши ӯ дар ташкил ва (ё) гузаронидани музоядаҳо, тендерҳо, озмунҳо ва бастани шартномаҳо мусоидат намоянд;

– назорати муаллифии сохтмонро амалӣ намоянд ё бо супориши фармоишгар дар сохтмони объектҳо намояндаи ӯ бошанд, сифати маводи сохтмон, сифат ва ҳаҷми корҳои сохтмонию васлкуниро назорат кунанд;

– нисбат ба хулосаҳои мақомоти ташхисӣ оид ба лоиҳаҳои шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ шикоят кунанд;

– бекор кардани қарор дар бораи ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид ва ба истифода додани бино, иншоот ва дигар объектҳоро ҳангоми риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи шаҳрсозӣ талаб намоянд;

– маҳдуд намудан, боздоштан ё манъ кардани фаъолияти муассисаҳо, ташкилотҳо инчунин истифодаи объектҳои дигари ғайриманқулро, ки истифодаи онҳо бо риоя накардани қонунгузории шаҳрсозӣ амалӣ мегардад, талаб намоянд;

– оид ба ҷуброни зараре, ки ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки шаҳрвандон, инчунин молу мулки шахсони ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ вобаста ба риоя накардани қонунгузории шаҳрсозӣ расонида шудааст, ба суд муроҷиат кунанд;

– бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашидани шахсонеро, ки қонунгузории шаҳрсозиро риоя накардаанд, талаб намоянд;

– экспертизаи мустақили ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро пеш аз тасдиқи онҳо аз ҳисоби маблағи худ анҷом диҳанд;
– барои иштирок намудан дар таҳияи қарорҳои соҳаи шаҳрсозӣ таклифҳо пешниҳод намоянд;

– дигар ҳуқуқҳои тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо амалӣ намоянд.

  1. Ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба фаъолияти шаҳрсозӣ танҳо дар сурате метавонанд маҳдуд карда шаванд, агар амалӣ гардидани онҳо ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ монеа гарданд.
  2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ ӯҳдадоранд:

– муҳити зистро ҳифз кунанд;

– риояи ҳуҷҷатгузории шаҳрсозӣ, меъёру қоидаҳои иморатсозии маҳалҳои аҳолинишин ва ҳудудҳо (минбаъд – қоидаҳои иморатсозӣ)- ро таъмин намоянд;

– талаботи ҳифзи муҳити зист, амнияти экологӣ, инчунин меъёру қоидаҳои санитариро риоя намоянд;

– ба муҳити зист, объектҳои мероси фарҳангӣ, манзараҳо, объектҳои инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, ободонии ҳудудҳо таъсири зарарнок нарасонанд, ба манфиати қонунии шахсони сеюм дахолат накунанд ва ба амалӣ намудани ҳуқуқҳои соҳибмулкон ё истифодабарандагони қитъаҳои замини ҳамшафат ва дигар молу мулки ғайриманқул монеъ нашаванд;

– қитъаҳои замин ва дигар молу мулки ғайриманқулро бо риояи дастурҳои шаҳрсозӣ истифода намоянд;

– супоришҳои мақомоти давлатиеро, ки риояи қонунгузорӣ дар бораи шаҳрсозиро назорат мекунанд, иҷро намоянд;
– ба шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ки риояи қонунгузорӣ дар бораи шаҳрсозиро назорат мекунанд, мусоидат намоянд;

– ба мақоми пешбарандаи кадастр ва мониторинги давлатии шаҳрсозӣ ва объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ ва ба ташкилотҳое, ки баҳисобгирии техникии объектҳоро мегузаронанд, дар бораи тағйироти объекти ба онҳо мансуб маълумоти боэътимод пешниҳод намоянд;

– бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро ба сохторҳои дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ пешниҳод намоянд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …