Главная / Ҷамъият / Ӯҳдадории фарзандони болиғ барои нигоҳубини падару модар

Ӯҳдадории фарзандони болиғ барои нигоҳубини падару модар

Моддаи 88-и Кодекси оила. Ӯҳдадории фарзандони болиғ барои  нигоҳубини падару модар 

  1. Фарзандони болиғи қобили меҳнат ӯҳдадоранд, ки падару модари ғайри қобили меҳнати ба кӯмак мӯҳтоҷи худро нигоҳубин намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд.
  2. Дар сурати набудани созишномаи пардохти алимент барои падару модари ғайри қобили меҳнати мӯҳтоҷ, аз фарзандони болиғи қобили меҳнат барои онҳо ба тартиби судӣ алимент ситонида мешавад.
  3. Андозаи алименте, ки ҳар моҳ аз ҳар фарзанд ба тартиби судӣ ситонида мешавад, аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддӣ ва оилавии падару модару фарзандон ва манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо бо маблағи устувор  муайян карда  мешавад.
  4. Бо талаби ҷавобгар суд ҳангоми муайян намудани андозаи алимент ҳамаи фарзандони болиғи қобили меҳнати падар ё модари мазкурро, сарфи назар аз он, ки талабот нисбати ҳамаи фарзандон ё танҳо ба як нафар ё якчанд  нафари онҳо пешниҳод гардидааст, бояд баҳисоб гирад. (ҚҶТ аз 26.12.11с. №791)
  5. Фарзандон аз ӯҳдадориҳои таъмини падару модари ғайри қобили меҳнати мӯҳтоҷи худ озод буда метавонанд, агар суд муқаррар созад, ки падару модар аз иҷрои вазифаҳои падарию модарии худ саркашӣ мекарданд.

Фарзандон аз пардохти алимент ба падару модаре, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ  маҳрум гардидаанд, озод карда мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …