Главная / Ҷамъият / Муносибати байниҳамдигарии мақомоти андоз бо дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ

Муносибати байниҳамдигарии мақомоти андоз бо дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ

Моддаи 87-и Кодекси Андоз. Муносибати байниҳамдигарии мақомоти андоз бо дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ

  1. Мақомоти андоз фаъолияти худро новобаста ба дигар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотамалӣ менамоянд. Қарорҳои дар доираи ваколатҳояшон қабулнамудаи мақомоти андоз барои тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошанд.
  2. Мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вазифадоранд ба мақомоти андоз дар иҷрои қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини мукаммал ва саривақтии ба буҷет ворид шудани андозҳо мусоидатнамоянд. Агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, дахолати мақомоти зикргардида ба фаъолияти мақомоти андоз манъ аст.
  3. Мақомоти гумрук, мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои қарзӣ ўҳдадоранд мунтазам тибқи тартиби муқарраршуда ба мақомоти андоз маълумоти барои иҷрои қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурии дар ихтиёрашон бударо пешниҳод намоянд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …