Главная / Ҷамъият / Баҳогузории фаъолияти касбии корманди мақомоти андоз

Баҳогузории фаъолияти касбии корманди мақомоти андоз

Моддаи 86-и Кодекси Андоз. Баҳогузории фаъолияти касбии корманди мақомоти андоз

  1. Фаъолияти касбии ҳар як корманди мақомоти андоз бояд ҳар сол дар асоси нишондиҳандаҳои умумӣ ва махсус, ки ба қоидаҳои баҳогузории хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат менамоянд, вобаста ба намуди фаъолияти ў ба таври воқеӣ (холисона) баҳогузорӣ карда мешавад.
  2. Нишондиҳандаҳои (ҳисоботи) фаъолияти касбии корманди мақомоти андоз тибқи натиҷаҳои соли ҳисоботӣ аз ҷониби худи ў муайян карда шуда, барои омўзиш ва баҳогузорӣ ба роҳбари бевоситааш пешниҳод мегарданд. Фаъолияти касбии корманди мақомоти андоз, ки дорои собиқаи камтар аз шаш моҳи корӣ дар мақомоти андоз мебошад, баҳогузорӣ карда намешавад.
  3. Баҳогузории фаъолияти касбии корманди мақомоти андоз дар ҳолатҳои зерин аз ҷониби роҳбарияти болоӣ ва (ё) комиссияи аттестатсионӣ тибқи тартиби муқарраршуда ба инобат гирифта мешавад:

-ҳангоми пешбарӣ ба дигар мансаб;

-ҳангоми ҷоизадиҳӣ ва мукофотонӣ;

-ҳангоми муқаррар намудани муҷозоти интизомӣ;

– дар дигар ҳолатҳо, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ муайян намудаанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …