Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муассисаҳои гидроэнергетикӣ оиди истифодабарии об

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муассисаҳои гидроэнергетикӣ оиди истифодабарии об

Моддаи 84-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муассисаҳои гидроэнергетикӣ оиди истифодабарии об

1.Муассисаҳои гидроэнергетикӣ ҳуқуқ доранд:

-обро барои истеҳсоли қувваи барқ дар асоси лоиҳаҳои тасдиқшуда истифода баранд;

-чорабиниҳоро оиди беҳтар истифодабарии обанборҳо, ба мақсадҳои энергетикӣ ба амал бароранд, агар талаботи истифодабарии маҷмӯъи ва ҳифзи обро вайрон намекарда бошад;

-аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ риояи қоидаҳои истифодаи мӯътадили обанборҳоро барои эҳтиёҷоти гидроэнергетикӣ талаб намоянд.

2.Муассисаҳои гидроэнергетикӣ ӯҳдадоранд:

-низоми муқараршудаи пур кардан ва обпартоӣ аз обанбор, каму зиёд шудани сатҳи боло ва поёни обро риоя намоянд;

-бе мамониат гузаштан ва бехатарии киштиҳо, қаиқҳо, ба амал баровардани обпартоиҳои санитарӣ ва ҳифзи табиатро дар асоси  лоиҳаҳо таъмин кунанд;

-иншоотҳои ҳифзи моҳӣ, ҷои гузариши моҳиҳо ба ҷойҳои тухмгузорӣ ва ҳифзи дигар ҳайвоноту набототи обиро дар ҳолати мусоид нигоҳ доранд;

-устувории иншоотҳо ва истифодаи бесадамаи техникиро ҳангоми ҳодисаҳои сел, обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ таъмин намоянд.

Инчунин кобед

gulbam

100 Шеъри беҳтарини гулбазмӣ

Гул чу рӯи меҳри ховар равшан аст, Миҷмари дилро намояд пуршарар. Ҳар касе гулро агар …