Главная / Ҷамъият / Танаффусҳои дохилибастӣ ва махсус

Танаффусҳои дохилибастӣ ва махсус

Моддаи 84-и Кодекси Меҳнат. Танаффусҳои дохилибастӣ ва махсус

  1. Дар баъзе намуди корҳо ба кормандон дар давоми вақти корӣ додани танаффусҳои дохилибастӣ пешбинӣ мешавад, ки онро хусусияти технологӣ, ташкили истеҳсолот ва меҳнат тақозо менамоянд. Намуди ин гуна корҳо, давомнокӣ ва тартиби додани чунин танаффусҳо дар шартномаи коллективӣ муайян карда мешаванд (агар шартномаи коллективӣ баста нашуда бошад – бо мувофиқаи намояндагони кормандон аз тарафи корфармо муқаррар карда мешавад).
  2. Барои кормандоне, ки дар фаслҳои сард ва ё гарми сол, дар ҳавои кушод ва ё биноҳои пўшидаи гармнашаванда кор мекунанд, кормандоне, ки ба корҳои борфарорӣ ва боркунӣ машғуланд, инчунин ба дигар гурўҳи кормандон мувофиқи шароит ва тартибе, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ намудаанд, танаффусҳои махсус барои истироҳат, гармшавӣ, салқиншавӣ, хушк кардани сару либос, варзиши истеҳсолӣ ва маконидани кўдак дода мешаванд.
  3. Танаффусҳои дохилибастӣ ва танаффусҳои махсус ба ҳисоби вақти корӣ дохил гардида, музди онҳо пардохт карда мешаванд. Корфармо уҳдадор аст бо биноҳое, ки барои танаффусҳои дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, таъмин намояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …