Главная / Ҷамъият / Тартиби оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Тартиби оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 82-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Тартиби оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

  1. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз лаҳзаи қабули  таъинот ё қарор дар бораи оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғозгардида ҳисоб мешавад.
  2. Дар қарор ё таъинот дар бораи оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вақт ва маҳалли қабул кардани қарор ё таъинот, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси қарор ё таъинотро тартибдода, асос барои оғози парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, маълумоте, ки аз мавҷуд будани ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ  гувоҳӣ медиҳад, моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгариро барои ин ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинӣ  менамояд, нишон дода мешаванд. Ҳангоми  қабули  қарор ё таъинот дар бораи оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шахсони воқеӣ, мансабдор ё намояндаи  шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати онҳо қарор ё таъинот қабул карда шудааст, инчунин ба дигар иштирокчиёни мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо, ки тибқи Кодекси мазкур пешбинӣ гардидаанд, фаҳмонида, дар ин бора дар қарор ё таъинот сабт карда мешавад.
  3. Нусхаи қарор ё таъинот дар бораи оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шахсони воқеӣ, мансабдор ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати онҳо қарор ё таъинот қабул карда шудааст, инчунин ба ҷабрдида дар давоми як шабонарӯз бо гирифтани забонхат супорида ё фиристода мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …