Главная / Ҷамъият / Оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 81-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 

  1. Барои оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  инҳо асос мегарданд:

– аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки ваколати тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии  маъмуриро  доранд, бевосита ошкор кардани маълумотҳои кофӣ, ки аз мавҷудияти ҳодисаи  ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ шаҳодат медиҳанд;

– маводе, ки аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ворид шуда, дорои маълумоте мебошанд, ки аз мавҷудияти ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шаҳодат медиҳанд;

– хабару аризаҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин хабари воситаҳои ахбори омма, ки дорои маълумоти саҳеҳ ва воқеии гувоҳидиҳандаи мавҷудияти ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошанд.

  1. Мавод, хабар ва  ариза дар бораи ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур мавриди баррасӣ ва санҷиш қарор дода мешаванд.
  2. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) танҳо дар  сурати мавҷуд будани яке аз асосҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда ва  маълумоти кофӣ, ки аз мавҷудияти ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гувоҳӣ медиҳанд, оғоз карда мешавад.
  3. Ҳангоми набудани асосҳои кофӣ шахси мансабдори ваколатдори баррасикунандаи маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар бораи рад кардани оғози парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарори асоснок мебарорад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …