Главная / Ҷамъият / Ӯҳдадориҳои алиментдиҳии падару модар барои таъминоти фарзандони ноболиғ

Ӯҳдадориҳои алиментдиҳии падару модар барои таъминоти фарзандони ноболиғ

Моддаи 80-и Кодекси оила. Ӯҳдадориҳои алиментдиҳии падару модар  барои таъминоти фарзандони ноболиғ 

  1. Падару модар вазифадоранд, ки фарзандони ноболиғи худро таъмин намоянд. Тартибу шаклҳои таъминоти фарзандонро падару модар мустақилона муайян менамоянд.
  2. Падару модар ҳуқуқ доранд дар мавриди таъминоти фарзандони ноболиғи худ созишнома (созишнома дар хусуси  пардохти алимент) мувофиқи боби 16 ҳамин Кодекс) банданд.
  3. Агар падару модар фарзандони худро таъмин накунанд, маблағ барои таъминоти онҳо (алимент) аз падару модар тибқи тартиби муқаррарнамудаи судӣ ситонида мешавад. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)
  4. Ҳангоми набудани созишномаи падару модар дар мавриди пардохти алимент, ҳангоми таъмин накардани фарзандони ноболиғ ва ҳангоми ба суд пешниҳод накардани даъво мақоми васоят ва парасторӣ ҳақ дорад нисбат ба падару модар ( яке аз онҳо) дар хусуси ситонидани алимент барои фарзандони ноболиғ даъво пешниҳод кунад.

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …