Главная / Ҷамъият / Тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 80-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 

  1. Протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи талаботи Кодекси мазкур аз ҷониби шахсони  мансабдоре, ки мутобиқи боби 10 Кодекси мазкур барои пешбурд ва ё баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ваколатдоранд, дар доираи ваколатҳои худ тартиб дода мешавад.
  2. Ба  ғайр  аз  ҳолатҳои  пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои ҳудудии онҳо, инчунин дигар мақомоти давлатӣ мутобиқи вазифаю  ӯҳдадориҳои назоратии худ, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи онҳо вогузор шудааст ҳуқуқ доранд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб диҳанд. Дар ин ҳолат шахсони мансабдори ваколатдори зикргардида протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар маводи замимагардидаи  парвандаро дар мӯҳлати на дертар аз се шабонарӯзи баъди тартиб додани он ба судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки ҳуқуқ доранд парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ намоянд, ирсол мекунанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …