Главная / Ҷамъият / Иҷрои ҳалномаи суд оид ба парвандаҳои вобаста бо тарбияи кӯдакон

Иҷрои ҳалномаи суд оид ба парвандаҳои вобаста бо тарбияи кӯдакон

Моддаи 79-и Кодекси оила. Иҷрои ҳалномаи суд оид ба парвандаҳои вобаста бо тарбияи кӯдакон 

  1. Иҷрои ҳалномаҳои судҳо оид ба парвандаҳои вобаста бо тарбияи кӯдакон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» аз ҷониби иҷрочии суд, бо иштироки ҳатмии мақомоти васояту парасторӣ ба амал бароварда мешавад.
  2. Иҷрои маҷбурии ҳалномаҳои вобаста бо гирифтани кӯдакон ва ба шахси (шахсони) дигар додани онҳо бояд бо иштироки ҳатмии мақоми васоят ва парасторӣ ва шахсе (шахсоне), ки кӯдак ба ӯ дода мешавад ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо иштироки намояндагони мақомоти корҳои дихолӣ ба амал бароварда  мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
  3. Ҳангоми ғайриимкон будани иҷрои ҳалномаи суд дар мавриди ба дигар кас додани кӯдак бе расонидани зарар ба манфиати кӯдак, ӯ тибқи таъиноти суд мувақаттан дар муассисаи тарбиявӣ, муассисаи табобатӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ё дигар муассисаи ба ин монанд ҷойгир карда шуданаш мумкин аст.
  4. Агар падар ё  модар (шахси дигар, ки кўдак таҳти парастории ў қарор дорад) барои амалӣ кардани ҳалномаи суд монеагӣ намояд, нисбати ў чораҳое,ки дар қонунгузории мурофиавии гражданӣ пешбинӣ гардидаанд, татбиқ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …