Главная / Ҷамъият / Боздоштан ва мавқуф гузоштани сохтмон

Боздоштан ва мавқуф гузоштани сохтмон

Моддаи 79-и  Қарори шаҳрсозӣ. Боздоштан ва мавқуф гузоштани сохтмон

  1. Боздоштани сохтмон – муваққатан қатъ намудани иҷрои корҳои сохтмонӣ вобаста ба ҳолатҳое мебошад, ки ба танаффусҳои технологӣ дар сохтмон (иҷрои корҳои сохтмонӣ) вобаста нестанд ва боиси ҳатман бекор кардани шартномаи пудратии сохтмонӣ намегарданд.
    2. Сохтмон бо қарорҳои зерин метавонад боздошта шавад:
    – мақоми ваколатдори давлатии назорати меъморӣ ва шаҳрсозӣ, мақомоти дигари давлатӣ дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
    – пудратчӣ – ҳангоми имконнопазир будани иҷрои минбаъдаи корҳои сохтмонӣ дар ҷараёни беш аз як моҳ бо сабабҳои муваққатан мавҷуд набудани масолеҳи сохтмонӣ ва (ё) таҷҳизоте, ки фармоишгар бояд фароҳам орад ё аз ҷониби фармоишгар дар мӯҳлатҳои муайяннамудаи шартномаи пудрати сохтмонӣ напардохтани маблағи корҳои иҷрошуда;
    – фармоишгар – бо мақсади мавқуф гузоштани объекти сохтмон ё минбаъд қатъ намудани сохтмон, инчунин дар кори пудратчӣ ошкор намудани норасоиҳое, ки метавонанд боиси таҳдид ба бехатарӣ ва эътимоднокии объекти сохтмон гарданд.
    3. Боздоштани сохтмон инчунин метавонад аз ҷониби мақомот ё шахсони ваколатдор мутобиқи асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) шартнома амалӣ гардад.
    4. Мавқуф гузоштани объекти сохтмонаш нотамом – боздоштани сохтмон ба мӯҳлати беш аз нӯҳ моҳ мебошад, ки бо тартиби муқарраргардида ба расмият дароварда шуда, боиси бекор кардани шартномае гардидааст, ки сохтмон дар асоси он сурат мегирад.
    5. Мавқуф гузоштани объекти сохтмонаш нотамом инҳоро дар бар мегирад:
    – қатъи иҷрои корҳои сохтмонӣ, ки ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмон пешбинӣ намудаанд;
    – амалӣ намудани чораҳои зарурӣ оид ба таъмини беосеб нигоҳ доштани объекти сохтмон;
    – ба охир расидани ҳисоббаробаркунии фармоишгар, маблағгузор бо пудратчӣ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва бекор кардани шартномаи пудратии сохтмон;
    – аз ҷониби фармоишгар, сармоягузор, муҳандис (ташкилоти муҳандисӣ) давра ба давра аз назар гузаронидани объекти сохтмонаш нотамоми мавқуфгузошта барои таъмини беосеб нигоҳ доштан ва бехатарии он.
    6. Қарор оид ба мавқуф гузоштани объекти сохтмонаш нотамом дар ҳолатҳои зерин қабул карда мешавад:
    – ошкор намудани номутобиқатии лоиҳа ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва регламентҳои техникӣ дар ҷараёни сохтмон;
    – ошкор намудани нуқсон дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмон, ки моҳиятан тағйир додани онро талаб менамояд;
    – набудани маблағи фармоишгар барои маблағгузории минбаъдаи сохтмон;
    – бо асосҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаи пудратии сохтмон пешбинӣ намудаанд.
    7. Қарорро оид ба мавқуф гузоштани объекти сохтмонаш нотамом инҳо қабул менамоянд:
    – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақоми ваколатдори давлатии назорати меъморӣ ва шаҳрсозӣ оид ба объекти сохтмонашон нотамоме, ки аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ сохта мешаванд;
    – мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ – оид ба объектҳои сохтмонашон нотамоме, ки аз ҳисоби маблағи буҷети маҳаллии дахлдор сохта мешаванд;
    – фармоишгарони дигар – оид ба дигар объекти сохтмонаш нотамом.
    8. Ҳангоми ба мӯҳлати беш аз се моҳ боздоштани сохтмон, шахсони дар моддаи мазкур пешбинигардида вазифадоранд дар давоми як моҳи пас аз гузаштани мӯҳлати боздоштани сохтмон дар хусуси мавқуф гузоштани объекти сохтмонаш нотамом қарор қабул намоянд.
    9. Дар қароре, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии назорати меъморӣ ва шаҳрсозӣ оид ба объекти сохтмонаш нотамом, фармоишгар ва ё дигар шахси ваколатдор оид ба мавқуф гузоштани объекти сохтмонаш нотамом қабул карда мешавад, бояд санаи боздоштани корҳо, манбаи маблағгузорӣ, мӯҳлати таҳияи ҳуҷҷатҳое, ки барои мавқуфгузорӣ заруранд, инчунин тадбирҳо ҷиҳати таъмини беосеб нигоҳ доштани масолеҳи сохтмон ва таҷҳизот бо зикри шахсе, ки масъули беосеб нигоҳ доштани он мебошад, муқаррар карда шаванд.
    10. Фармоишгар ё пудратчӣ дар давоми 14 рӯз аз санаи қабули қарор дар бораи мавқуф гузоштани объекти сохтмонаш нотамом маводи зеринро таҳия менамояд:
    – санади мавқуфгузории объекти сохтмонаш нотамом, бо зикри арзиши нархномавии ҳаҷми корҳои иҷрошуда то лаҳзаи мавқуф гузоштани сохтмон, ки ба он рӯйхати масолеҳи сохтмонии истифоданашуда ва таҷҳизоти васлнагардида замима карда мешавад;
    – номгӯи корҳо ва хароҷоте, ки барои таъмини беосеб нигоҳ доштани объекти сохтмонаш нотамоми мавқуфгузошташуда ё унсурҳои конструктивии он заруранд.
    11. Дар асоси номгӯи корҳо ва хароҷоте, ки барои таъмини беосеб нигоҳ доштани объекти сохтмонаш нотамоми мавқуфгузошта ё унсурҳои конструктивии он заруранд, таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ бо назардошти чорабиниҳо оид ба таъмини беосеб нигоҳ доштани объекти сохтмонаш нотамом ва ҳуҷҷатҳои техникӣ дар хусуси мавқуфгузории он харҷнома таҳия менамояд.
    12. Корҳои сохтмонӣ оид ба мавқуфгузории объекти сохтмонаш нотамом, ки дар харҷнома инъикос ёфтаанд, аз ҷониби пудратчӣ мутобиқи созишномаи иловагӣ ба шартномаи пудратии сохтмон сурат мегиранд, ки дар он мӯҳлати иҷрои корҳо, мӯҳлати ба фармоишгар супоридани объекти сохтмонаш нотамоми мавқуфгузошташуда ё унсурҳои конструктивии он пешбинӣ мегарданд.
    13. Пудратчӣ вазифадор аст ба фармоишгар объекти сохтмонаш нотамоми мавқуфгузошташударо дар мӯҳлати мувофиқагардида супорад, зарари бо гуноҳи ӯ расонидашударо ҷуброн намояд ва фармоишгар бояд ин объектро қабул кунад.
    14. Объекти сохтмонаш нотамом метавонад дар ҳолати мавқуфгузорӣ на беш аз панҷ сол қарор дошта бошад. Пас аз рафъи сабабҳое, ки боиси мавқуфгузории объекти сохтмонаш нотамом гардидааст, бояд дар бораи аз нав оғоз намудани сохтмон қарор қабул карда шавад. Объекти сохтмонаш нотамом мутобиқи санад ва хулосаи таҳиягари ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ оид ба ҳолати техникии он ба пудратчӣ супорида мешавад. Идома додани сохтмон бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
    15. Дар мӯҳлати мавқуфгузории объекти сохтмонаш нотамом фармоишгар вазифадор аст барои бартараф намудани сабабҳое, ки боиси мавқуфгузорӣ гардидаанд, тадбирҳо андешад, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони объектро ба охир расонад ё бо дигар роҳ имконияти ба охир расонидани сохтмонро ҳал кунад (фурӯшад, ба дигар кас диҳад ва ғайра).
    16. Бо гузаштани мӯҳлати муайяншудаи мавқуфгузории объекти сохтмонаш нотамом фармоишгар вазифадор аст объектро таҷзия намояд ё вайрон кунад ва қитъаи барои сохтмон ҷудошудаи заминро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати аввала баргардонад.
    17. Дар ҳолати иҷро нашудани талаботи қисми 13 ҳамин модда аз ҷониби фармоишгар тибқи аризаи мақоми ваколатдори давлатии назорати шаҳрсозӣ суд метавонад дар бораи вайрон кардани объекти сохтмонаш нотамоми мавқуфгузошташуда ва пардохтани хароҷоти вобаста ба он аз тарафи фармоишгар қарор қабул намояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …