Главная / Ҷамъият / Гирифтани кӯдак ҳангоми таҳдиди бевосита ба ҳаёт ё саломатии ӯ

Гирифтани кӯдак ҳангоми таҳдиди бевосита ба ҳаёт ё саломатии ӯ

Моддаи 77-и Кодекси оила.  Гирифтани кӯдак ҳангоми таҳдиди  бевосита  ба ҳаёт  ё  саломатии  ӯ

  1. Дар сурати ҷой доштани таҳдиди бевосита ба ҳаёт ё саломатии кӯдак, мақоми васояту парасторӣ ҳуқуқ дорад дар хусуси бетаъхир гирифтани кӯдак аз падару модар (яке аз онҳо) ё дигар шахсоне, ки ӯ таҳти васояташон мебошад, қарор қабул намояд.
  2. Дар сурати бетаъхир гирифтани кӯдак мақоми васояту парасторӣ вазифадор аст, ки фавран прокурорро огоҳ сохта, мувақаттан ҷойгир намудани кӯдакро таъмин намояд ва дар мӯҳлати ҳафт рӯзи пас аз тартиб додани санади санҷиш ва хулоса дар бораи  гирифтани кӯдак бо даъвои маҳрум сохтан аз ҳуқуқи падару модарӣ ё маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ  ба суд муроҷиат  намояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …