Главная / Ҷамъият / Давомнокии вақти корӣ дар арафаи рўзҳои иди ғайрикорӣ

Давомнокии вақти корӣ дар арафаи рўзҳои иди ғайрикорӣ

Моддаи 76-и Кодекси Меҳнат. Давомнокии вақти корӣ дар арафаи рўзҳои иди ғайрикорӣ

  1. Давомнокии вақти кории ҳаррўза (баст) дар арафаи рўзҳои иди ғайрикорӣ (моддаи 89 Кодекси мазкур) барои ҳамаи кормандон на камтар аз як соат кўтоҳ карда мешавад.
  2. Давомнокии вақти кории ҳаррўза (баст) пеш аз рўзи иди ғайрикорӣ дар ҳолатҳое, ки пеш аз рўзи ид рўзи истироҳат бошад, инчунин агар барои кормандон давомнокии кўтоҳи ҳафтаи корӣ муқаррар шуда бошад, кам карда намешавад.
  3. Дар истеҳсолоти муттасил амалкунанда ва намудҳои алоҳидаи кор, ки тибқи шароити истеҳсолот (кор) кўтоҳ кардани давомнокии кори ҳаррўза дар рўзҳои пеш аз иди ғайрикорӣ имконнопазир аст, иҷрои кор дар вақти зиёда аз меъёр бо додани вақти иловагии истироҳат мувофиқи тартибе, ки корфармо баъд аз машварати пешакӣ бо намояндагони кормандон муайян намудааст, ҷуброн карда мешавад ё бо розигии корманд ҳамчун кори зиёда аз вақти муқаррарӣ пардохт карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …