Главная / Ҷамъият / Давомнокии вақти корӣ

Давомнокии вақти корӣ

Моддаи 74-и Кодекси Меҳнат. Давомнокии вақти корӣ

  1. Дар сурати ҳафтаи панҷрўзаи корӣ давомнокии кори ҳаррўза (баст) – ро қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ё ҷадвали баст, ки онро корфармо баъд аз машварати пешакӣ бо намояндагони кормандон бо назардошти хусусияти кор ва риояи давомнокии ҳафтаи кории муқарраргардида тасдиқ намудааст, муайян менамояд.
  2. Давомнокии вақти кории ҳаррўза (баст) зиёд буда наметавонад:

– барои кормандони аз 15 то 16 сола – 5 соат ва аз 16 то 18 сола – 7 соат;

– барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки дар давоми соли хониш таҳсилу кор мекунанд – аз 14 то 16 сола – 2,5 соат ва аз 16 то 18 сола – 3,5 соат;

– барои шароити муътадили кор – 8 соат;

– барои маъюбон – 6 соат;

– ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд – нисфи давомнокии муътадили вақти корие, ки дар моддаҳои 66 – 73 ва моддаи мазкури Кодекси мазкур муайян шудаанд.

  1. Ҳангоми ҳафтаи шашрўзаи корӣ, агар меъёри якҳафтаина 40 соат бошад, давомнокии кори ҳаррўза аз 7 соат, агар меъёри якҳафтаина 35 соат бошад, аз 6 соат, агар меъёри ҳафтаина 24 соат бошад, аз 4 соат зиёд буда наметавонад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …