Главная / Ҷамъият / Тартиби судии маҷбуран ситонидани қарзи андоз

Тартиби судии маҷбуран ситонидани қарзи андоз

Моддаи 74-и Кодекси Андоз. Тартиби судии маҷбуран ситонидани қарзи андоз

  1. Дар ҳолати мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи сархати дуюмиқисми 2 моддаи 72 Кодекси мазкур, роҳбари (ё муовини ваколатдори роҳбари) мақоми андозе, ки дар онҳо андозсупоранда ба ҳисоб гузошта шудааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба суди иқтисодӣ ё ба суди маҳалли ҷойгиршавии андозсупоранда оид ба ситонидани қарзи андоз бо роҳи нисбат ба вай татбиқ намудани чораҳои пешбининамудаи сархатҳои дуюм, сеюм ва чоруми қисми 1 моддаи 72 Кодекси мазкур муроҷиат намуда, нусхаи аризаи даъвогиро ба андозсупоранда ирсол мекунанд.
  2. Суди иқтисодӣ муроҷиати мақоми андозро дар бораи ситонидани қарзи андоз аз шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ мувофиқи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби истеҳсолоти соддакардашуда баррасӣ менамояд.
  3. Суди маҳалли ҷойгиршавии андозсупоранда муроҷиати мақоми андозро дар бораи ситонидани қарзи андози шахси воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ намебошад, дар рафти мурофиаи фармонӣ тибқи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.
  4. Ҳалномаи суд дар бораи ситонидани қарзи андоз пас аз эътибори қонунӣ пайдо карданаш аз ҷониби мақомоти андоз тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …