Главная / Ҷамъият / Нархгузории молу мулк ва дигар чизу чораи қиматбаҳои гирифташуда

Нархгузории молу мулк ва дигар чизу чораи қиматбаҳои гирифташуда

Моддаи 70-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Нархгузории молу мулк ва дигар чизу чораи қиматбаҳои гирифташуда moddai-70-kodeksi-hukukvayronkunii-mamuri

  1. Арзиши молу мулки гирифташуда дар асоси нархҳои танзимшавандаи давлатӣ муайян карда мешавад, агар чунин нархҳо муқаррар гардида бошанд. Дар дигар ҳолатҳо арзиши молу мулки  гирифташуда дар асоси арзиши бозории онҳо муайян карда мешавад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши молу мулки гирифташуда дар асоси хулосаи коршинос муайян карда мешавад.
  2. Асъори хориҷии ба сифати ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гирифташуда ба қурби амалкунандаи дар рӯзи содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон, бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобӣ карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …