Главная / Ҷамъият / Манъи табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ

Манъи табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ

Моддаи 7-и Кодекси Меҳнат. Манъи табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ

  1. Ҳамаи шаҳрвандон ба меҳнат ҳуқуқи баробар доранд, табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ манъ аст.Ҳама гуна фарқиятгузорӣ, роҳ надодан, афзалият гузоштан ё рад кардан аз қабул ба кор қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ки баробарии имкониятро дар меҳнат халалдор мекунад, манъ аст.
  2. Фарқият дар меҳнат вобаста ба талаботи махсуси намуди муайяни кор ва ё вобаста ба ғамхории махсуси давлат нисбат ба шахсоне, ки муҳтоҷи ҳимояи махсуси иҷтимоӣ мебошанд (аз рўи ҷинс, синну сол, норасоиҳои ҷисмонӣ, уҳдадориҳои оилавӣ, дараҷаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ), табъиз намебошад.
  3. Шахсоне, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ худро табъизшуда меҳисобанд, метавонанд ба суд муроҷиат намоянд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …