Моддаи 7-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Принсипҳои қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос меёбад:
– қонуният;
– ҳифзи судии ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахс;
– баробарӣ дар назди қонун ва суд;
– ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ;
– таъмини амният ҳангоми барасмиятдарорӣ ва пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
– ошкоро будани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
– ёрии ҳуқуқӣ дар пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
– эҳтимолияти бегуноҳӣ;
– амалӣ кардани адолати судӣ;
– мустақилияти судяҳо;
– забони пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ.