Главная / Ҷамъият / Азназаргузаронии воситаи нақлиёт

Азназаргузаронии воситаи нақлиёт

Моддаи 68-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Азназаргузаронии воситаи нақлиёт 

  1. Азназаргузаронии ҳама гуна воситаҳои нақлиёт (аз ҷумла киштиҳои хурдҳаҷми обӣ), яъне муоинаи воситаи нақлиёт, ки бе вайронкунии яклухтии сохти он сурат мегирад, бо мақсади дарёфт кардани олоти содиркунӣ ё ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ анҷом дода мешавад.
  2. Азназаргузаронии воситаи нақлиёт аз ҷониби шахсони мансабдори ваколатдори дар Кодекси мазкур зикргардида дар ҳузури ду нафар шахсони холис амалӣ карда мешавад.
  3. Азназаргузаронии воситаи нақлиёт дар ҳузури шахсе сурат мегирад, ки ӯ соҳиби нақлиёт аст. Дар ҳолатҳои таъхирнопазир азназаргузаронии воситаи нақлиёт, мумкин аст, дар ғоибии соҳиби он, вале бо иштироки шахсони холис анҷом дода шавад.
  4. Ба протоколи азназаргузаронии воситаи нақлиёт шахси мансабдори онро тартибдода ва шахсе, ки нисбати ӯ пешбурди  парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сурат мегирад ё шахсе, ки соҳиби воситаи нақлиёт мебошад, инчунин шахсони холис имзо мегузоранд. Дар ҳолати аз имзои протокол саркашӣ кардани шахсе, ки нисбати ӯ пешбурди  парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сурат мегирад ё шахсе, ки соҳиби воситаи нақлиёти аз назар гузаронидашаванда мебошад, дар ин бора дар протокол сабти дахлдор карда мешавад. Нусхаи протоколи азназаргузаронии воситаи нақлиёт ба соҳиби воситаи нақлиёт ва ё шахси идоракунандаи нақлиёт бо гирифтани дастхат супорида мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …