Главная / Ҷамъият / Назорати давлатӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ

Назорати давлатӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ

Моддаи 68-и  Қарори шаҳрсозӣ. Назорати давлатӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ

  1. Назорати давлатиро дар соҳаи шаҳрсозӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, сохторҳои маҳаллии он ва мақоми ваколатдори давлатии назорати меъморӣ ва шаҳрсозӣ мутобиқи низомномаи худ, ки бо тартиби муқарраргардида тасдиқ гардидааст, амалӣ менамоянд.
    2. Мақоми ваколатдори давлатии назорати меъморӣ ва шаҳрсозӣ ваколатҳои зерин дорад:
    – ба лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтмон хулоса пешниҳод менамояд;
    – риояи расмиёти муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти шаҳрсозиро ҳангоми таҳия ва тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои банақшагирии ҳудуд, қоидаҳои заминистифодабарӣ ва иморатсозӣ, ҳуҷҷатҳо оид ба банақшагирии ҳудуд, нақшаҳои генералии маҳалҳои аҳолинишин назорат менамояд;
    – риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва техникӣ, ҳуҷҷатҳои лоиҳавии тасдиқгардидаро аз ҷониби иштирокчиёни фаъолияти шаҳрсозӣ, инчунин мутобиқати мавод, маснуот ва конструксияҳои дар сохтмон истифодашавандаро ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва сертификатҳо назорат менамояд;
    – амалӣ намудани назорати техникӣ ва назорати муаллифии ҷараёни сохтмон ва назорати сифат дар объектҳои сохтмон;
    – ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.
    3. Шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатии назорати меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳуқуқ доранд:
    – фаъолияти мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ва сохторҳои тобеи онҳоро оид ба риояи қонунгузории шаҳрсозӣ назорат кунанд;
    – аз роҳбарон ва дигар шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо додани ҳуҷҷатҳо, мавод ва маълумоти зарурӣ, инчунин ҷудо намудани мутахассисонро барои ошкор намудани масъалаҳои бамиёномада талаб намоянд;
    – аз шахсоне, ки ба риоя накардани қонунгузории шаҳрсозӣ роҳ додаанд, баёнот гиранд.
    4. Шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатии назорати меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар ҳолатҳои ошкор намудани далелҳои аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо риоя накардани қонунгузории шаҳрсозӣ, ӯҳдадоранд:
    – ба мақомоти дахлдори давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо дар бораи бартараф намудани ҳолатҳои ошкорнамудаи риоя накардани қонунгузории шаҳрсозӣ ва муқаррар намудани мӯҳлати бартараф кардани он амрнома диҳанд;
    – ба мақомоти прокуратура дар бораи далелҳои риоя накардани қонунҳо ҷиҳати андешидани чораҳо маълумот фиристонанд;
    – барои ба ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашидани роҳбарон ва дигар шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо чораҳо андешанд.
    5. Шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ӯҳдадоранд:
    – бо дархости мақомоти ваколатдори давлатии назорати шаҳрсозӣ ҳуҷҷат ва маводи барои назорат зарурро пешниҳод намоянд;
    – нусхаи ҳуҷҷатҳои банақшагирии ҳудудӣ, қоидаҳои заминистифодабарӣ ва иморатсозиро дар давоми 10 рӯзи корӣ пас аз тасдиқи онҳо дар шакли ҳомили коғазӣ ё электронӣ ба мақомоти ваколатдори давлатии назорати шаҳрсозӣ пешниҳод намоянд;
    – ба кори шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори давлатии назорати шаҳрсозӣ мусоидат намоянд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …