Главная / Ҷамъият / Иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ

Иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ

Моддаи 66-и  Қарори шаҳрсозӣ. Иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ

  1. Иҷозат барои оғози корҳои сохтмонӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» дода мешавад.
    2. Сохтмон, таҷдиди объектҳо, инчунин таъмири асосии онҳо, агар ҳангоми гузаронидани он ба хусусиятҳои конструктивӣ ва дигар хусусиятҳои боэътимодӣ ва бехатарии чунин объектҳо таъсир нарасад, дар асоси иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ амалӣ карда мешавад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи мазкур.
    3. Иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ дар объектҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва стратегӣ, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дода мешавад. Иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонии дигар объектҳо аз ҷониби мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
    4. Шахс бо мақсади гирифтани иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ, таҷдид, таъмири асосии объектҳои дахлдор ба мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ариза пешниҳод менамояд. Ба ариза бояд нусхаи ҳуҷҷатҳои зерин замима карда шаванд:
    – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин (сертификати ҳуқуқи истифодаи замин);
    – ҳуҷҷати лоиҳавии тасдиқшуда;
    – хулосаи мусбии экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ дар ҳолати тибқи моддаи 64 Кодекси мазкур ҳатмӣ будани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ;
    – хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ.
    5. Талаб кардани дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.
    6. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар давоми се рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани ариза дар бораи додани иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ:
    – мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои ба ариза замимагардидаро месанҷад;
    – мутобиқати ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро ба талаботи қонунгузории шаҳрсозӣ муайян менамояд;
    – мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ барои корҳои сохтмонӣ иҷозат медиҳад ё бо нишон додани сабабҳои асоснок аризаро дар бораи додани иҷозат рад мекунад.
    7. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар давоми се рӯз аз рӯзи додани иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ нусхаи онро ба мақомоти ваколатдори назорати давлатии назорати меъморӣ ва шаҳрсозӣ мефиристонад.
    8. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ метавонад танҳо дар ҳолати мавҷуд набудани ҳадди ақал яке аз ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қисми 4 моддаи мазкур ё мутобиқ набудани ҳуҷҷатҳои пешбинишуда ба талаботи қонунгузорӣ оид ба шаҳрсозӣ, додани иҷозатро барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ рад намояд.
    9. Гирифтани иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонии бино ва иншооте, ки тибқи қисми 3 моддаи 63 Кодекси мазкур барои сохтмони онҳо омода ва мувофиқа намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ҳатмӣ нест, талаб карда намешавад.
    10. Иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ барои объекти мушаххас бо нишон додани мӯҳлати давомнокии сохтмони ин объект дода мешавад.
    11. Мӯҳлати амали иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ дар асоси аризаи соҳиби иҷозат, ки на кам аз як моҳи тақвимӣ то ба охир расидани мӯҳлати амали он пешниҳод шудааст, аз ҷониби мақоме, ки онро додааст, тамдид карда мешавад. Ариза дар бораи тамдиди мӯҳлати амали иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ танҳо дар ҳолате мумкин аст рад карда шавад, агар сохтмон, таҷдид, таъмири асосии объекти сохтмон то ба охир расидани мӯҳлати пешниҳоди чунин ариза шурӯъ нагардида бошанд.
    12. Ҳангоми гузаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва объектҳои сохтмонӣ ба дигар шахс, мӯҳлати амали иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ, ки пеш аз гузаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва объектҳои сохтмонӣ гирифта шудааст, нигоҳ дошта мешавад.
    13. Додани иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ дар объектҳое, ки маълумот дар бораи онҳо дорои сирри давлатӣ мебошад, мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ амалӣ карда мешавад.
    14. Дар ҳолати рад гардидани ариза оид ба додани иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва ё суд шикоят кардан мумкин аст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …