Главная / Ҷамъият / Истифодаи объектҳои об барои шино кардани киштиҳои хурдҳаҷм

Истифодаи объектҳои об барои шино кардани киштиҳои хурдҳаҷм

Моддаи 64-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Истифодаи объектҳои об барои шино кардани киштиҳои хурдҳаҷм

1.Истифодаи объектҳои об барои шино кардани киштиҳои хурдҳаҷм (заврақҳои белу мотордор, катерҳо, яхтаҳои бодбондор ва ғайра) бо риояи қоидаҳои истифодаи киштиҳои хурдҳаҷм, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, иҷозат дода мешавад.

2.Киштиҳои хурдҳаҷм бояд тибқи тартиби муқарраргардида бо сабти аломатҳо дар девораҳояшон аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ба қайд гирифта шаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …