Главная / Ҷамъият / Ҷой ва тартиби нигоҳдории шахсони дастгиршуда

Ҷой ва тартиби нигоҳдории шахсони дастгиршуда

Моддаи 64-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ҷой ва тартиби нигоҳдории шахсони дастгиршуда 

  1. Шахсони дастгиршуда дар биноҳои барои ин мақсад ҷудокардашудаи мақомоти пешбининамудаи қисми 2 моддаи 61 Кодекси мазкур ё дар муассисаҳои махсуси тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсисгардида нигоҳ дошта мешаванд. Ин биноҳо бояд ба талаботи санитарӣ ва нигоҳдорӣ ҷавобгӯй буда, аз тарафи шахсони дастгиршуда имконияти худсарона тарк кардани онҳоро истисно намоянд.
  2. Шароити нигоҳдории шахсони дастгиршуда, меъёри озуқа ва тартиби хизматрасонии тиббии чунин шахсонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
  3. Мардҳо, занҳо ва ноболиғоне, ки нисбати онҳо чораи дастгиркунии маъмурӣ татбиқ мегардад, аз ҳам ҷудо нигоҳ дошта мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …