Главная / Ҷамъият / Экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ

Экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ

Моддаи 64-и  Қарори шаҳрсозӣ. Экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ

  1. Ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмони объектҳо бояд ҳатман аз экспертизаи давлатӣ гузаронида шаванд, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи мазкур.
    2. Экспертизаи давлатии ҳатмии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ дар ҳолатҳое гузаронида намешавад, ки мутобиқи Кодекси мазкур барои сохтмон, таҷдид, таъмири асосии объектҳо, тайёр намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмон ҳатмӣ набошад ва гирифтани иҷозат барои сохтмон талаб карда нашавад.
    3. Гузаронидани экспертизаи давлатии ҳатмӣ нисбат ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавии объектҳои сохтмоние, ки хулосаи мусбии экспертизаи давлатиро гирифтаанд ва такроран татбиқ мегарданд ё дар ҳолатҳои такмил додани чунин ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ки ба хусусиятҳои конструктивӣ ва дигар хусусиятҳои боэътимодӣ ва амнияти иншоот таъсир намерасонад, талаб карда намешавад.
    4. Номгӯи объектҳои сохтмониеро, ки барои ҳуҷҷатҳои лоиҳавии он гузаронидани экспертизаи давлатӣ зарур нест, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар мувофиқа бо ташкилотҳои соҳавӣ тасдиқ менамояд.
    5. Мақсади гузаронидани экзпертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки тибқи қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи мазкур аз экспертиза гузаронидани онҳо ҳатмӣ нест, баҳодиҳии мутобиқати ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ба талаботи регламентҳои техникӣ, аз ҷумла санитарию эпидемиологӣ, экологӣ, ҳифзи давлатии объектҳои мероси фарҳангӣ, бехатарии сӯхторнишонӣ, саноатӣ, ядроӣ, радиатсионӣ ва дигар намудҳои бехатарии бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида мебошад.
    6. Ба ваколати истисноии экспертизаи давлатӣ экспертизаи асосноккунии сармоягузориҳо, асосноккунии техникию иқтисодӣ ва ҳисобӣ кардани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмони объектҳое (маҷмааҳое) дахл доранд, ки:
    – аз ҳисоби сармоягузориҳои давлатӣ ё бо иштироки онҳо бунёд мешаванд, ҳамчунин бе иштироки сармояи давлатӣ бунёд мегарданд, вале мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи моликияти давлатиро дар ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда ё хизматрасонӣ пешбинӣ мекунанд;
    – мутобиқат ба талаботи меъёрҳои давлатӣ оид ба бехатарии санитарӣ, экологӣ, сӯхторнишонӣ, таркиш, ҳифзи меҳнат, устувории конструксияҳо, пойдории фаъолият дар ҳолати хатарнокии потенсиалӣ ва объектҳои аз ҷиҳати техникӣ мураккаб, таъмин намудани дастрасии объектҳои инфрасохтори иҷтимоӣ, нақлиёт ва истироҳатиро ба маъюбон, новобаста ба сарчашмаҳои маблағгузории сохтмон талаб мекунанд.
    7. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмон ҷалб карда мешаванд, инчунин мақомоти ваколатдори анҷомдиҳандаи экспертизаи давлатӣ вазифадоранд махфияти экспертизаи гузаронидашударо риоя намуда, сирри тиҷоратии лоиҳаи баррасишавандаро таъмин намоянд, агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд.
    8. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмон ҷалб карда мешаванд (аз ҷумла экспертизаи давлатӣ), бояд дар фаъолияти худ нисбат ба таҳлил, арзёбӣ ба манфиатнокии маблағгузориҳо ва сифати лоиҳаҳо аз субъектони фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ вобаста набошанд.
    9. Тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ё лоиҳаи ба озмун омодашуда, додани иҷозат барои оғоз намудани сохтмон ва амалӣ гардонидани лоиҳаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ бе хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ иҷозат дода намешавад. Ворид намудани тағйирот ба лоиҳаҳои тасдиқшудаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ танҳо баъд аз мувофиқаи онҳо бо мақомоти ваколатдори экспертизаи давлатӣ, ки лоиҳаҳоро аз экспертиза мегузаронанд, иҷозат дода мешавад.
    10. Тартиби гузаронидани экспертизаи байнидавлатӣ мувофиқи шартномаҳои байналмилалӣ муқаррар мегардад.
    11. Талаб намудани гузаронидани дигар экспертизаҳои давлатӣ ё мувофиқасозии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ» иҷозат дода намешавад.
    12. Мӯҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии объектҳо набояд аз як моҳи тақвимӣ зиёд бошад.
    13. Мӯҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии объектҳои мураккаб ва калонҳаҷм тавассути шартномаи тарафайн муқаррар карда мешавад.
    14. Асосҳо барои рад кардани қабули ҳуҷҷатҳои лоиҳавии барои экспертизаи давлатӣ пешниҳодшуда инҳо мебошанд:
    – нопурра будани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ;
    – тайёр кардани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки иҷозатномаи фаъолияти таҳияи лоиҳаҳоро надоранд.
    15. Натиҷаи экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, хулосаи мувофиқ будан (хулосаи мусбӣ) ё мувофиқ набудани (хулосаи манфии) ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
    16. Баҳсҳо оид ба хулосаи экспертизаи давлатӣ бо роҳи судӣ ҳал карда мешаванд.
    17. Фармоишгар ҳуқуқ дорад ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро пас аз ворид намудани тағйироти зарурӣ ба он такроран барои экспертиза пешниҳод намояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …