Главная / Ҷамъият / Протоколи дастгиркунии маъмурӣ

Протоколи дастгиркунии маъмурӣ

Моддаи  62-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Протоколи дастгиркунии маъмурӣ 

  1. Дар бораи дастгиркунии маъмурии шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда протокол тартиб дода мешавад, ки дар он вақт ва маҳали тартибдиҳии он, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси протоколро тартибдода, маълумот дар бораи шахси дастгиршуда, вақт, ҷой, сабаб ва асосҳои дастгиркунӣ нишон дода мешаванд.
  2. Ба протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шахси мансабдори ваколатдори онро тартибдода ва шахси дастгиршуда имзо мегузоранд. Дар сурати аз имзои протокол саркашӣ кардани шахси дастгиршуда  дар ин бора дар протокол шахси онро тартибдода қайд мекунад. Нусхаи протоколи дастгиркунии маъмурӣ ба шахси дастгиршуда бо гирифтани дастхат ва ё имзои ӯ супорида мешавад.

Инчунин кобед

bophotos-101660-2

ИДИ РАМАЗОН 22 Апрели 2023 таҷлил мешавад

Мувофиқи ҳисоби илмӣ рўзи Иди саиди Фитр Рамазон дар Точикистон ба рўзи 22-уми апрели 2023 рост меояд. Мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди Рамазон …