Моддаи 61-и Қарори шаҳрсозӣ. Лоиҳаи иморатсозӣ дар қитъаи замин
- Ба лоиҳаи иморатсозӣ, ки пас аз гирифтани қарор дар хусуси додани қитъаи замин таҳия мешавад, ҳуҷҷатҳои зерин дохил мешаванд:
– нақшаи генералии қитъаи замин;
– лоиҳаи намунавӣ ё инфиродии хонаи истиқоматӣ, ки дар мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳо бо назардошти шароити маҳаллии муҳандисию геологии сохтмон мувофиқа шудааст;
– лоиҳаи намунавӣ ё инфиродии биноҳои хоҷагии ёрирасон. - Шаҳрванд ҳуқуқ дорад, ки таҳияи лоиҳаи инфиродии хонаи истиқоматиро ба ҳар шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дорои иҷозатномаи фаъолияти лоиҳакашию таҳқиқотӣ мебошад, супориш диҳад.
- Ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ, ки ташкилотҳои лоиҳакашӣ ё шахсони алоҳида бе доштани иҷозатнома анҷом додаанд, беэътибор дониста мешаванд.