Главная / Ҷамъият / Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оиди об

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оиди об

Моддаи 6-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оиди об

Дар соҳаи танзими муносибатҳо оиди об масъалаҳои зерин дар салоҳияти ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд:

-амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ба таври маҷмӯъ истифодабарӣ, ҳифз намудани захираҳои об ва таъмини оби нӯшокӣ ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва иттиҳодияҳо сарфи назар аз шакли моликият, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, инчунин шахсони ҳуқуқӣ вобаста ба истифода ва ҳифзи маҷмӯи об;

-муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об;

-тасдиқи тартиби  барасмиятдарорӣ, бақайдгирӣ ва додани иҷозат барои истифодаи махсуси об; (КҶТ аз 20.03.08c, №381).

-таҳия ва қабули барномаҳо ва лоиҳаҳои давлатӣ оид ба истифодабарии мақсаднок, ҳифзи захираҳои об дар доираи ташаккули обтаъминкунии аҳолӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда, соҳилмустаҳкамкунӣ ва вобаста ба дигар масъалаҳои хоҷагии об;

-танзими масъалаҳо вобаста ба муқаррар намудани тарифи хизмати обрасонӣ, аз ҷумла тафриқаи (дифферентсиатсияи) он бо назардошти арзиши аслии хизматрасонӣ; (КҶТ аз 20.03.08c, №381).

-амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатии инвеститсионӣ;

-танзими масъалаҳои марбут ба истифодаи пулакии об, амалӣ гардонидани сиёсати нархгузорӣ, муқаррар намудани тариф ва имтиёзҳо;

-рушд ва танзими муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи об;

-идоракунӣ, реструктуризатсия ва моликияти комплекси хоҷагии об;

-тасдиқи тартиби ташаккул ва истифодабарии фонди об, меъёрҳо ва реҷаи истифодаи он; (КҶТ аз 20.03.08c, №381).

-таъмини гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ доир ба рушди истифода ва ҳифзи захираҳои об, пешбурди баҳисобгирии давлатӣ ва назорат ҷиҳати истифодаи оқилонаи захираҳои об, мушоҳидаи (мониторинги) сифати об ва ифлосшавии объектҳои об;

          – муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатӣ ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ,  назорат ва идораи корҳои мубориза бо обхезӣ, инчунин ваколату вазифаҳои он; (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №572).

          – тасдиқ намудани ҳайат ва ваколатҳои Комиссияи ҷумҳуриявии мубориза бо обхезӣ; (К ҶТ аз 3.12.09с, №572).

-таҳияи тадбирҳои пешгирӣ ва рафъи садамаҳои калон, офатҳои табиӣ ва бӯҳронҳои экологии вобаста аз таъсири зарарноки обҳо;

-таҳия ва амалӣ гардонидани барномаҳои соҳилбандӣ;

-муқаррар намудани низоми махсуси истифодаи об дар минтақаи ҳолатҳои фавқулодда;

-муқаррар намудани андоза ва тартиби пардохт барои ҳуқуқи истифода, барқарор, ҳифзи захираҳои об, интиқоли онҳо ва партофтани обҳои истифодашуда ба обгирҳо, ифлосшавӣ ва камшавии оби объектҳо;

-муқаррар намудани тартиби тағйир додани шакли моликият ба объектҳои хоҷагии об;

-таъмини аҳолӣ бо маълумот дар бораи ҳолати об, иншоотҳои об ва объектҳои хоҷагии об;

-амалӣ гардонидани тадбирҳои дигари вобаста ба истифодаи захираҳои об;

-танзими дигар масъалаҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …