Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқи моликият ба системаҳои обрасонии оби нӯшокӣ

Ҳуқуқи моликият ба системаҳои обрасонии оби нӯшокӣ

Моддаи 57-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳуқуқи моликият ба системаҳои обрасонии оби нӯшокӣ

1.Системаҳои мутамарказ ва ғайримутамаркази таъмини обрасонии оби нӯшокӣ метавонанд моликияти ҷумҳуриявӣ, коммуналӣ ва ё шахсони ҳуқуқӣ бошанд.

2.Системаи тақсимоти манзилии оби нӯшокӣ, системаи алоҳидаи таъминоти оби нӯшокӣ, системаҳои таъминоти оби нӯшокӣ дар воситаҳои нақлиёт моликияти соҳибони фонди манзилӣ, воситаҳои нақлиёт мебошанд.

3.Системаҳои мутамарказ ва ғайримутамарказ хусусӣ гардонида намешаванд.

4.Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар моликияти худ шабақаҳои таъминоти об дошта бошанд, ки мутобиқи талаботи меъёрҳои амалкунанда ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона сохта шудаанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …