Главная / Ҷамъият / Талаб кардани маълумот

Талаб кардани маълумот

Моддаи 57-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Талаб кардани маълумот 

Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар баррасӣ ва пешбурди онҳо қарор дорад, ҳуқуқ доранд, дар бораи талаб карда гирифтани маълумоти барои ҳалли масъалаҳои парванда зарурӣ таъинот ё қарор бароранд. Маълумоти талаб кардашуда, бояд дар давоми се шабонарӯзи баъд аз гирифтани таъинот ё қарор фиристода шавад. Маълумот оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки боиси татбиқи ҷазои ҳабси маъмурӣ ё бо роҳи маъмурӣ берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад, бояд фавран фиристода шавад. Дар сурати ғайриимкон будани пешниҳоди ин маълумот, пешниҳодкунандаи маълумот вазифадор аст дар мӯҳлати се шабонарӯз ба судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдоре), ки таъинот ё қарорро баровардаанд, дар ин бора ба тарзи хаттӣ хабар диҳанд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476)

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …