Главная / Ҷамъият / Беэътибории шартномаи меҳнатӣ

Беэътибории шартномаи меҳнатӣ

Моддаи 56-и Кодекси Меҳнат. Беэътибории шартномаи меҳнатӣ

  1. Шартномаи меҳнатӣ аз тарафи суд беэътибор дониста мешавад, агар дар ҳолатҳои зерин баста шуда бошад:

– бо фиреб, зўроварӣ, таҳдид, созиши бадқасдонаи намояндаи як тараф бо тарафи дигар ё шароити вазнин;

– ошкоро бар хилофи қонун, асосҳои тартиботи ҳуқуқӣ ва ахлоқ;

– рўякӣ ва қалбакӣ;

– бо шахси ба синни понздаҳ нарасида бе розигии хаттии падар ё модар ва дигар шахсони тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ивазкунанда;

– бо шахси ба синни муқаррарнамудаи Кодекси мазкур нарасида;

– бо шахси ғайри қобили амал эътирофгардида;

– берун аз қобилияти ҳуқуқдории шахси ҳуқуқӣ;

– бо оқибати маҳдуд кардани ваколат;

– дар натиҷаи гумроҳӣ.

  1. Беэътибор донистани шартномаи меҳнатӣ бо гуноҳи корфармо сабаби ба корманд напардохтани музди меҳнат, ҷубронпулӣ барои рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва дигар имтиёзҳо намегардад.
  2. Беэътибор донистани шартҳои алоҳидаи шартномаи меҳнатӣ сабаби пурра бекор шудани тамоми шартҳои шартномаи меҳнатӣ намегардад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …