Главная / Ҷамъият / Супоришу дархост оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Супоришу дархост оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
16.04.2018
79 Показы
Моддаи 56-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Супоришу дархост оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

- Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди онҳо қарор дорад, ҳуқуқ доранд, бо мақсади ба даст овардани далелҳо оид ба ҳамин парванда ба мақомоти ҳудуди дахлдор дархост ирсол намоянд ё ба шахси мансабдори мақомоти ҳудуди дахлдор дар бораи иҷрои амалҳои алоҳидаи пешбининамудаи Кодекси мазкур супориш диҳанд.
- Супориш ё дархост оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бояд дар мӯҳлати на дертар аз даҳ шабонарӯзи гирифтани ин супориш ё дархост иҷро карда шавад.
- Муносибатҳои ҳамкории мутақобилаи мақомоти анҷомдиҳандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2018-04-16
Tags Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Инчунин кобед
Гул чу рӯи меҳри ховар равшан аст, Миҷмари дилро намояд пуршарар. Ҳар касе гулро агар …