Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқи кӯдак барои зиндагӣ ва тарбия дар оила

Ҳуқуқи кӯдак барои зиндагӣ ва тарбия дар оила

Моддаи 55-и Кодекси оила.  Ҳуқуқи кӯдак  барои зиндагӣ  ва тарбия дар оила 

  1. Кӯдак шахсе эътироф карда мешавад, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ (ба синни балоғат) нарасидааст.
  2. Ҳар кӯдак ҳуқуқ дорад, ки дар оила зиндагӣ кунад ва тарбия гирад. Кӯдак ба ғамхории падару модар, таъмини манфиатҳояш, рушду такомули ҳамаҷониба, эҳтироми шаъни инсонии худ ҳуқуқ дорад.

Дар сурати набудани падару модар, аз  ҳуқуқи падару модар маҳрум кардани онҳо ва дар ҳолатҳои дигари аз даст додани васояти падару модар, ҳуқуқи кӯдак барои тарбия дар оила мувофиқи  тартиби муқаррарнамудаи боби 18 ҳамин Кодекс  аз ҷониби мақомоти васояту парасторӣ  таъмин карда   мешавад.

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …