Главная / Ҷамъият / Лоиҳаҳои иморатсозӣ

Лоиҳаҳои иморатсозӣ

Моддаи 55-и  Қарори шаҳрсозӣ. Лоиҳаҳои иморатсозӣ

  1. Лоиҳаҳои иморатсозӣ дар асоси нақшаҳои муфассали банақшагирӣ дар сарҳадҳои бо хати сурх муқарраршуда ё сарҳади қитъаҳои замин таҳия карда мешаванд.
    2. Бо лоиҳаҳои иморатсозӣ инҳо муайян карда мешаванд:
    – хати танзими иморатсозӣ;
    – ҷобаҷогузории бино ва иншоот, қабатнокии онҳо, шакл ва дигар хусусиятҳо;
    – қарори меъмории иморатсозӣ;
    – низоми таҷҳизоти муҳандисӣ, алоқа ва ободонӣ, инчунин шароити пайвастшавии низоми мазкур ба иншоот ва шабакаҳои танзими муҳандисӣ, алоқа ва ободонии берун аз қитъаи замин, маҳаллаҳо ва дигар унсурҳои сохторҳои банақшагирии маҳалҳои аҳолинишин ҷойгиршуда;
    – ташкили ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон;
    – ҳудудҳои истифодаи умум.
    3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳуқуқ доранд вобаста ба шароитҳои маҳал нисбат ба лоиҳаҳои иморатсозӣ талаботи иловагии ба меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ мухолифатнадоштаро, аз ҷумла талаботи вобаста ба лоиҳакашӣ ва сохтмон дар минтақаҳои ҳифзи объектҳои мероси фарҳангӣ, кабудизоркунии ҳудудҳо, ҷойгиронии объектҳои меъмории шаклҳои хурд, рекламаҳо, овезаҳо ва дигар талаботро пешниҳод намоянд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …