Главная / Ҷамъият / Таъминоти мутамаркази аҳолӣ бо об

Таъминоти мутамаркази аҳолӣ бо об

Моддаи 54-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Таъминоти мутамаркази аҳолӣ бо об

1.Ҳангоми бо тартиби обтаъминкунии мутамарказ истифода намудан аз объекти об барои эҳтиёҷоти нӯшиданӣ, маишӣ ва дигар эҳтиёҷоти аҳолӣ шахсони ҳуқукӣ, ки хати қубурҳои оби хоҷагию нӯшиданӣ дар идоракунии фаврӣ ё моликияти онҳо қарор гирифтааст, ҳуқуқ доранд, обро аз манбаъҳои обтаъминкунӣ мутобиқи иҷозати барои истифодаи махсуси об додашуда, онро ба истеъмолкунандагон диҳанд.

2.Шахсони ҳуқуқӣ вазифадоранд:

-ҳамаи шартҳои технологиро ҳангоми ба истифодабарандагон расонидани оби нӯшокӣ иҷро намоянд;

-расонидани оби нӯшокиро мувофиқи меъёрҳои муқарраршудаи сифат, ташкили баҳисобгирии оби гирифташаванда, мушоҳидаи (мониторинги) мунтазами сифати обро дар ҷойҳои обгирӣ таъмин намоянд;

-низоми мунтазам додани оби нӯшокиро барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти аҳолӣ ва ташкилотҳои саноати хӯрокворӣ дар навбати аввал таъмин намоянд;

-набояд ба вайрон шудани низоми мунтазами обрасонӣ ба аҳолӣ, эҳтиёҷоти ташкилотҳо, протсесҳои технологиии ба оби нӯшокӣ зарурат надошта, сабаб шаванд;

-ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об, мақомоти назорати давлатии санитарӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо оиди бад шудани сифати об аз меъёри муқарраргардида хабар диҳанд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …