Главная / Ҷамъият / Далелҳои шайъӣ

Далелҳои шайъӣ

Моддаи 53-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Далелҳои шайъӣ 

  1. Дар зери мафҳуми далелҳои шайъӣ оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ олоти содиркунӣ ё ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз ҷумла олоти содиркунӣ ё ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки дорои изҳои (нақши пайи) он мебошанд,  фаҳмида мешаванд.
  2. Далелҳои шайъӣ ҳангоми зарурат сурат гирифта, ё ба дигар тарзи муайяншуда қайд гардида, ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳамроҳ карда мешаванд. Мавҷудияти далелҳои шайъӣ дар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё дигар протоколи пешбининамудаи Кодекси мазкур қайд карда мешаванд.
  3. Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди онҳо қарор дорад, ӯҳдадоранд доир ба таъмини нигоҳдории далелҳои шайъӣ то моҳиятан баррасӣ кардани парванда чораҳои зарурӣ андешанд ва баъди баррасӣ гардидани парванда дар хусуси далелҳои шайъӣ қарори дахлдор қабул намоянд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …