Главная / Ҷамъият / Ҳуҷҷатҳое, ки собиқаи меҳнатии кормандро тасдиқ менамоянд

Ҳуҷҷатҳое, ки собиқаи меҳнатии кормандро тасдиқ менамоянд

Моддаи 52-и Кодекси Меҳнат. Ҳуҷҷатҳое, ки собиқаи меҳнатии кормандро тасдиқ менамоянд

  1. Собиқаи меҳнатии кормандро яке аз ҳуҷҷатҳои зерин тасдиқ менамояд:

– дафтарчаи меҳнатӣ;

– шартномаи меҳнатӣ;

– иқтибос аз санади корфармо, ки ба вуҷуд омадан ва қатъ гардидани муносибатҳои меҳнатиро бо сабаби бастан ва қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ тасдиқ менамояд;

– иқтибос аз китоби пардохти музди меҳнати кормандон (ведомост);

– рўйхати хизматӣ (номгўйи маълумотҳо дар хусуси кор, фаъолияти меҳнатии корманд), ки аз тарафи корфармо имзо шуда, бо муҳри ташкилот ё ба тариқи нотариалӣ тасдиқ карда шудааст;

– маълумотномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар хусуси супоридани андўхти нафақавӣ;

– маълумотномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар хусуси пардохти саҳмҳои ҳатмии суғуртаи иҷтимоӣ;

– маълумотномаи бойгонӣ дар хусуси фаъолияти меҳнатии корманд;

– дигар ҳуҷҷатҳое, ки бо тартиби муқарраргардида тасдиқ шудаанд.

  1. Дафтарчаи меҳнатии намунааш муқарраргардида ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи кории корманд ҳуҷҷатҳои асосии фаъолияти меҳнатӣ буда, собиқаи меҳнатии кормандро тасдиқ менамоянд. Намуна ва тартиби ҷорӣ кардани дафтарчаи меҳнатӣ, инчунин номгўйи дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки собиқаи кории кормандро тасдиқ мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
  2. Корфармо уҳдадор аст ба ҳамаи кормандоне, ки дар ташкилот зиёда аз 5 рўз кор кардаанд, дафтарчаи меҳнатӣ кушояд. Ба кормандоне (кормандони хонагӣ ва хонакороне), ки дар назди шахсони воқеӣ кор мекунанд, дафтарчаи меҳнатӣ кушода намешавад.
  3. Дар дафтарчаи меҳнатӣ маълумот дар бораи қабул ба кор, ба кори дигари доимӣ гузаронидан бо нишон додани касб (ихтисос), дараҷаи касбӣ, вазифа (мансаб), (мувофиқи санади меъёрие, ки номи касб ва вазифаи кормандро муқаррар менамояд) ва аз кор озод кардани кормандон бо нишон додани асосҳои қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ, инчунин дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва мукофотонидан барои муваффақиятҳо дар кор қайд карда мешаванд.
  4. Дар рўзи қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ корфармо уҳдадор аст, ки ба корманд дафтарчаи меҳнатӣ ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти меҳнатии ўро диҳад. Сабаби аз кор озодшавӣ дар дафтарчаи меҳнатӣ бо нишон додани меъёри дахлдори Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад ва дафтарчаи меҳнатӣ дар рўзи охирини кор ба корманд супорида мешавад. Ҳангоми бо гуноҳи корфармо кашолкорӣ намудан аз супоридани дафтарчаи меҳнатӣ барои ҳар рўзи кашолкорӣ ба корманд музди миёнаи меҳнаташ дода мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …