Гирифтани намунаҳо
Meg S
16.04.2018
Ҷамъият
41 Показы
Моддаи 52-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Гирифтани намунаҳо

- Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро пеш мебаранд, ҳуқуқ доранд, намунаҳои хат ва намунаҳои молро барои экспертиза гиранд.
- Дар мавриди зарурат ҳангоми гирифтани намунаҳо суратгирӣ ва навори кино, сабти овоз ва видео, дигар тарзи муқарраршудаи қайди далелҳои шайъӣ истифода бурда мешаванд.
- Дар бораи гирифтани намунаҳо тибқи тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур протокол тартиб дода мешавад.
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2018-04-16