Главная / Ҷамъият / Нақшаи генералии маҳалли аҳолинишин

Нақшаи генералии маҳалли аҳолинишин

Моддаи 51-и  Қарори шаҳрсозӣ. Нақшаи генералии маҳалли аҳолинишин

  1. Бо нақшаи генералии маҳалли аҳолинишин инҳо муайян карда мешаванд:
    – самтҳои асосии рушди ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин бо назардошти хусусияти рушди иҷтимоию иқтисодӣ, шароити табиию иқлимӣ ва дурнамои шумораи аҳолӣ;
    – минтақабандии ҳудуд ва бонавбат будани иморатсозии онҳо;
    – тадбирҳо ҷиҳати ҳифзи ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин аз таъсири ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта, рушди инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ;
    – таносуби ҳудудҳои маҳалҳои аҳолинишини бунёдгардида ва бунёднагардида;
    – ҳудудҳои захиравӣ барои рушди маҳалҳои аҳолинишин;
    – сарҳадҳои маҳалҳои аҳолинишин;
    – дигар масъалаҳои вобаста ба рушди ҳудудҳои маҳалҳои аҳолинишин.
    2. Нақшаи генералии шаҳр ва лоиҳаи банақшагирии минтақаҳои наздишаҳрӣ метавонанд ҳамчун ҳуҷҷати ягона дар асоси созишнома миёни мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ҳудудҳои ҳамсарҳад таҳия карда шаванд.
    3. Нақшаи генералии маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои хурд ва деҳаҳои калон метавонад якҷоя бо нақшаҳои муфассали банақшагирӣ ҳамчун ҳуҷҷати ягона таҳия карда шавад.
    4. Ҳангоми таҳияи нақшаи генералии маҳалҳои аҳолинишине, ки дар ҳудуди он объектҳои мероси фарҳангӣ мавҷуданд, нақшаи таърихию меъмории маҳалли аҳолинишин ва минтақаҳои ҳифзи объектҳои мероси фарҳангӣ ба назар гирифта мешавад.
    5. Нақшаҳои генералии шаҳрҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор кардааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ бо иштироки раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо тасдиқ менамояд. Нақшаи генералии шаҳракҳо ва маҳалҳои аҳолинишини
    деҳотро дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор барои тасдиқ пешниҳод менамоянд.
    6. Қоидаҳои асосии лоиҳаи нақшаҳои генералии маҳалҳои аҳолинишин то тасдиқи онҳо бо тартиби муқарраргардида бо вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои соҳавӣ мувофиқа карда мешаванд.
    7. Дар давраи таҳияи нақшаи нави маҳалҳои аҳолинишин масъалаҳои вобаста ба ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмон дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин бояд тибқи тартиби муқарраргардида бо таҳиягари он мувофиқа карда шаванд.
    8. Банақшагирӣ ва сохтмони объектҳо дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин бе мавҷуд будани нақшаи генералӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ манъ аст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …