Главная / Ҷамъият / Ба тартиби судӣ муқаррар намудани падарӣ

Ба тартиби судӣ муқаррар намудани падарӣ

Моддаи 50-и Кодекси оила.  Ба тартиби судӣ муқаррар намудани падарӣ 

  1. Дар сурати аз падару модари ақди никоҳнадошта таваллуд ёфтани кӯдак ва набудани аризаи муштараки падару модар ё аризаи падари кӯдак, аслу насаби кӯдак аз шахси мушаххас (падар) дар асоси аризаи яке аз падару модар ё васии (парастори) кӯдак, аризаи шасхе, ки кӯдак дар таъминоташ мебошад, инчунин ҳангоми ба балоғат расидан дар асоси аризаи худи кӯдак ба тариқи судӣ муқаррар карда мешавад.
  2. Ҳангоми муқаррар намудани падарӣ суд зиндагӣ ва пешбурди хоҷагии якҷоя бо модари кӯдак ё тарбияи муштарак ё таъмини кӯдак ё далелҳои дигари боэътимодеро, ки аз ҷониби шахси мушаххас таваллуд шудани кӯдак, далелҳои саҳеҳ тасдиқкунандаи аз ҷониби ҷавобгар эътироф гардидани падариро собит месозад, ба назар мегирад.

Инчунин кобед

bophotos-101660-2

ИДИ РАМАЗОН 22 Апрели 2023 таҷлил мешавад

Мувофиқи ҳисоби илмӣ рўзи Иди саиди Фитр Рамазон дар Точикистон ба рўзи 22-уми апрели 2023 рост меояд. Мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди Рамазон …