Главная / Ҷамъият / Аз кор дур кардан

Аз кор дур кардан

Моддаи 50-и Кодекси Меҳнат. Аз кор дур кардан

  1. Корфармо уҳдадор аст бо талаби мақомоти дахлдори давлатӣ дар ҳолатҳои пешбиникардаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандро аз кор дур кунад.
  2. Корфармо корманди дар ҳолати мастӣ, бар асари истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда ҳозир шудан ба кор дар ҳамон рўзи (басти) корӣ ба кор роҳ намедиҳад ва дар ин давра ба ў музд дода намешавад.
  3. Аз кор дур кардани корманд бо санади корфармо ба муҳлати то муайяншавӣ ва ё бартараф намудани сабабҳое, ки боиси аз кор дуркунӣ гардидаанд, амалӣ карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …