Главная / Ҷамъият / Далелҳо

Далелҳо

Моддаи  48-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Далелҳо 

  1. Ба сифати далел оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳама гуна маълумоти воқеие дониста мешавад, ки дар асоси он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки парванда дар пешбурди ӯ қарор дорад, ҷой доштан ё надоштани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, гунаҳгории шахси воқеӣ ё ҳуқуқии ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашаванда, инчунин дигар ҳолатҳои барои ҳалли дурусти парванда муҳимро муқаррар менамояд.
  2. Маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида, бо протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар протоколҳои дар Кодекси мазкур пешбинишуда, инчунин бо баёноти шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашаванда, ҷабрдида, шоҳидон ё шарҳи мутахассис, хулосаи экспертиза,  нишондоди воситаҳои махсуси техникӣ бо расм аз сабтҳои ин воситаҳо, дигар ҳуҷҷатҳо ва далелҳои шайъӣ муқаррар карда мешаванд.
  3. Истифодаи далелҳое, ки бо вайрон кардани талаботи қонун ба даст оварда шудаанд, манъ аст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …