Главная / Ҷамъият / Кафолати ҳуқуқи кредиторон ҳангоми бастан, тағйир додан ва бекор кардани аҳдномаи никоҳ

Кафолати ҳуқуқи кредиторон ҳангоми бастан, тағйир додан ва бекор кардани аҳдномаи никоҳ

Моддаи 47-и Кодекси оила. Кафолати ҳуқуқи кредиторон ҳангоми бастан, тағйир додан ва бекор кардани аҳдномаи никоҳ

 (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)

  1. Ҳамсар ўҳдадор аст, ки кредитори (кредиторони) худро дар хусуси бастан, тағйир додан ё бекор кардани аҳдномаи никоҳ огоҳ созад. Дар сурати иҷро накардани ин ўҳдадорӣ, ҳамсар аз рўи ўҳдадориҳои худ, новобаста ба муҳтавои аҳдномаи никоҳ, масъул мебошад.
  2. Кредитори (кредиторони) ҳамсари қарздор ҳуқуқ дорад бинобар моҳиятан тағйир ёфтани вазъият бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир додани шартҳо ё бекор кардани аҳдномаи никоҳи байни ҳамсарон басташударо талаб намояд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …