Главная / Ҷамъият / Тарҳи банақшагирии ҳудудҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе

Тарҳи банақшагирии ҳудудҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе

Моддаи 47-и  Қарори шаҳрсозӣ. Тарҳи банақшагирии ҳудудҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе

  1. Бо тарҳи банақшагирии ҳудудҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе инҳо муқаррар карда мешаванд:
    – минтақабандии ҳудуд;
    – самтҳои асосии такмилдиҳии низоми ҷойгиркунӣ, рушди маҳалҳои аҳолинишин;
    – самтҳои асосии рушди саноат, кишоварзӣ, инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоии дорои аҳамияти минтақавӣ ва байни маҳалҳои аҳолинишин;
    – сарҳади маҳалҳои аҳолинишин ва минтақаҳои наздишаҳрӣ ва шаҳрҳо;
    – тадбирҳои ҳифзи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъсири ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта, беҳтар намудани вазъи экологӣ, нигоҳ доштани ҳудудҳои объектҳои мероси фарҳангӣ бо воситаҳои шаҳрсозӣ;
    – дигар қарорҳо оид ба рушди ҳудуди дахлдор.
    2. Тартиби таҳияи тарҳи банақшагирии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …