Рад кардани мутахассис
Meg S
16.04.2018
Ҷамъият
42 Показы
Моддаи 46-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Рад кардани мутахассис

- Мутахассис ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар моддаи 38 Кодекси мазкур пешбинигардида дар пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иштирок карда наметавонад.
- Иштироки қаблии мутахассис дар пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба сифати мутахассис барои рад кардани ӯ асос шуда наметавонад.
- Масъалаи рад кардани мутахассис бо тартиби пешбининамудаи қисми 5 моддаи 44 Кодекси мазкур ҳал карда мешавад.
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2018-04-16