Главная / Ҷамъият / Бо ташаббуси корфармо бекор кардани шартномаи меҳнатӣ

Бо ташаббуси корфармо бекор кардани шартномаи меҳнатӣ

Моддаи 44-и Кодекси Меҳнат. Бо ташаббуси корфармо бекор кардани шартномаи меҳнатӣ ва мувофиқаи он бо Кумитаи иттифоқи касаба ё дигар намояндагони кормандон

  1. Бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо (моддаи 42 Кодекси мазкур) баъд аз пешакӣ, на дертар аз ду ҳафта, огоҳ намудани иттифоқи касабаи дахлдор ё дигар намояндагони кормандон сурат мегирад.
  2. Кумитаи иттифоқи касабаи дахлдор ё дигар намояндагони кормандон бояд дар муҳлати даҳ рўзи гирифтани пешниҳоди шахсе, ки ҳуқуқи бекор намудани шартномаи меҳнатиро дорад, ба корфармо дар бораи қарори қабулшуда доир ба додани розигӣ барои бо корманд қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ дар шакли хаттӣ хабар диҳад.
  3. Корфармо ҳуқуқ дорад шартномаи меҳнатиро на дертар аз як моҳи гирифтани розигии Кумитаи иттифоқи касаба ё намояндагони дигари кормандон қатъ намояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …